Ифтитоҳи намояндагии ширкати «Нижфарм» дар Тоҷикистон

Корхонаи дорусозии «Нижфарм»-и шаҳри Нижний Новогороди Русия, ки ба холдинги Stada CIS шомил аст, дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ намуд. Бино ба маълумоти   хадамоти матбуоти холдинги Stada CIS, намояндагони тиббии ширкат аз соли 2007 дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Қайд мешавад, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми фурӯши доруву таҷҳизот 2,5 баробар афзуда, соли 2014 […]

ASIA-Plus



Корхонаи дорусозии «Нижфарм»-и шаҳри Нижний Новогороди Русия, ки ба холдинги Stada CIS шомил аст, дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ намуд.

Бино ба

маълумоти

  хадамоти матбуоти холдинги Stada CIS, намояндагони тиббии ширкат аз соли 2007 дар Тоҷикистон фаъолият доранд.

Қайд мешавад, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми фурӯши доруву таҷҳизот 2,5 баробар афзуда, соли 2014 ба 1,5 млн. евро расидааст. «Бо чунин суръати рушд зарурати ифтитоҳи намояндагии мустақил ба миён омад», – таъкид мешавад дар маълумот.

Директори генералии ҶС «Нижфарм», сарноиби президенти Stada AG оид ба Русия, ИДМ ва кишварҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ Дмитрий Ефимов изҳор доштааст, ки рушди истеҳсолот, аз ҷумла ҳаҷми содирот яке аз самтҳои стратегии ширкат мебошад.

«Пешсафии мо дар бозорҳои ИДМ ва кишварҳои Балтика натиҷаи тавсеъаи ҳузури доруву таҷҳизоти ширкат аз ҳисоби ифтитоҳи дафтарҳои кории минтақавӣ аст», – гуфтааст номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.