Э.Раҳмон ба сохтмони шаҳраки нав дар Суғд ҳусни оғоз бахшид



Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ва кушодани хатти обрасонӣ дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки нави Баҳористон барои 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ иштирок кард.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат, нақшаи генералии шаҳраки Баҳористон аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан таҳия гардида, аз тарафи шӯрои шаҳрсозии Агентии меъморӣ ва сохтмон қабул карда шудааст.

Дар ҳудуди шаҳраки Баҳористон ба 3630 оилаи эҳтиёҷманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, катеҷҳо ва биноҳои баландошёна қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.

Умуман дар шаҳраки Баҳористон мутобиқи нақшаи генералӣ бунёди бинои маъмурии шаҳрак, 1 беморхона, 2 дармонгоҳ,  4 мактаб, 3 варзишгоҳ, 2 ҳаммом, бозор, истгоҳи нақлиёти мусофиркаш, дар майдони 3 га боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 3 боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна, 98 коттеҷ ва дар ошёнаи якуми биноҳои баландошёна нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Барои рушди соҳибкорӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар шаҳрак бунёди минтақаи истеҳсолӣ низ дар нақша аст.

Кӯчаи асосии шаҳрак бо дарозии умумии 1 км мумфарш карда шуда, новаҳои обгузар хобонида шудааст. Хатти барқ ва оби нӯшокӣ низ гузаронида шудааст.

Лоиҳаи таъминоти оби нӯшокии шаҳраки Баҳористон бо маблағи умумии 5 миллион сомонӣ амалӣ гардида, то ин рӯз ду чоҳи амудӣ кофта, ба истифода омода шудааст ва хатҳои қубури 400 мм. ба масофаи 2,4 км кашида шудааст.

Корҳои сохтмонии ду ҳавзи захиравии оби нӯшокии ҳаҷмаш 1500 метри мукааб низ ба итмом расидааст.

Зимни шиносоӣ бо нақшаи асосии шаҳраки Баҳористон Президенти мамлакат таваҷҷуҳи масъулини ҳукуматҳои шаҳри Истравшан ва ноҳияи Ғончӣ ва бинокоронро ба иҷрои корҳои босифат ҷалб намуд.

Таъкид гардид, ки ин шаҳрак бояд мутобиқ ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ хеле зебо бунёд гардад ва дар ҳақиқат ба як маркази маъмурии нав табдил ёбад.

spot_imgspot_img

Популярное