Дар деҳоти ҷумҳурӣ лимити истифодаи барқ ҷорӣ шуд

Аз 18 октябри соли равон дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуд (лимит)-и истифодаи барқ ҷорӣ шуд. Котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар деҳот ба хотири сарфаи об дар обанбори Норак ҷорӣ шудааст. Ӯ қайд кард, ки айни замон нерӯи барқ ба минтақаҳо […]

ASIA-Plus



Аз 18 октябри соли равон дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуд (лимит)-и истифодаи барқ ҷорӣ шуд.

Котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар деҳот ба хотири сарфаи об дар обанбори Норак ҷорӣ шудааст.

Ӯ қайд кард, ки айни замон нерӯи барқ ба минтақаҳо дар як ҳаҷми муайян дода шуда, чӣ миқдор ба аҳолӣ ва дигар иншоот интиқол гардидани онро шабакаҳои барқи маҳаллӣ ҳал мекунанд. «Агар нерӯи барқи ба минтақаҳо додамешуда тибқи таъинот ва сарфакорона истифода шавад, он бояд ба муддати зиёд кофӣ бошад», – гуфт Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, истеъмолгарони қарздор аз пардохти маблағи нерӯи барқи истифодашуда пурра аз шабакаҳои барқӣ ҷудо карда мешаванд.

Ба қавли Н.Ёдгорӣ, имрӯз шароити обуҳаво имкон намедиҳад, ки тамоми ҷумҳурӣ бо нерӯи барқи танҳо аз маҷрои дарёи Вахш истеҳсолшуда таъмин карда шавад. «Аз ин рӯ, аллакай лозим меояд, ки аз захираҳои обанбори Норак истифода кунем ва ҷиҳати ҳарчи бештар сарфакорона истифода кардани ин захираҳо, тасмим гирифта шуд, ки дар минтақаҳои деҳот реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ шавад», – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар алҳол реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расида «Азия-Плюс» аз манотиқи деҳот, дар марказҳои ноҳия аз соати 5-и субҳ то 10-и рӯз ва аз соати 17 то 22-шаб нерӯи барқ дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.