Ифтитоҳи Маркази таълимӣ-фароғатии ВКД дар Шаҳристон

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ-фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба президент иттилоъ доданд, ки ин марказ дорои тамоми шароити зарурӣ буда, барои ба таълиму фароғат фаро гирифтани 500 нафар пешбинӣ шудааст. Маркази таълимӣ-фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ-фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба президент иттилоъ доданд, ки ин марказ дорои тамоми шароити зарурӣ буда, барои ба таълиму фароғат фаро гирифтани 500 нафар пешбинӣ шудааст.

Маркази таълимӣ-фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар масоҳати 12 гектар бунёд ёфта, дар он майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол, ҳаммом, ҳавзҳои шиноварӣ ва анбор бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, инчунин 8 бинои таълимии дуошёна, маҷлисгоҳ, ошхона бо 150 ҷойи нишаст, меҳмонхона, амфитеатри тобистона, машқгоҳи саҳроӣ ва ҷойи тирпарронӣ мавҷуд аст.

Маркази таълимӣ – фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст.

Сарвари давлат ба мавқеи ҷойгиршавии марказ, ки дар мавзеи хушбоду ҳаво бунёд шуда, барои машқу тамринҳо дар шароити куҳистон мувофиқ аст, баҳои баланд дод. Фармоишгари иншооти мазкур Вазорати корҳои дохилӣ ва пудратчӣ Раёсати сохтмони асосии ҳамин вазорат мебошад.  

Зимни боздид аз марказ Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим ва дигар имкониятҳои он аз наздик шинос шуда, ҳангоми суҳбат бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои обу тоби бадан, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёфтани онҳо, чусту чолокӣ, зиракӣ, далерӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва дигар техникаю муҳимоти ҷангӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Президенти мамлакат дастур дод, ки аз тамоми шароити марказ барои тарбияву тавонбахшии кормандон бисёр пурсамар истифода баранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.