Дабири кулли ЮНЕСКО ҳайати Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Дабири кулли Ташкилоти СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова рӯзи 3 ноябр дар Париж намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робитаҳои ҷамъиятӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Рустамҷон Солиевро ба ҳузур пазируфт. Бино ба […]

Аваз Юлдошев



Дабири кулли Ташкилоти СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова рӯзи 3 ноябр дар Париж намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робитаҳои ҷамъиятӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Рустамҷон Солиевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ёвари президенти Тоҷикистон А.Раҳмонзода паёми табрикии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 70-солагии таъсиси ин ташкилотро ба И. Бокова супурд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО барррасӣ шуда, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ба рӯйхати мероси модддии фарҳанги ҷаҳонӣ ворид намудани маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и Душанбе, шаҳракаи қадимаи Карон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ ва ҳамчунин ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги ҷаҳонӣ ворид кардани таоми миллии тоҷикон – оши палава ва сарулибоси миллӣ – чакан табодули назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дабири кулли ЮНЕСКО ба ҳайати Тоҷикистон сертификати ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудани Боғи миллии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.