Cуғд: Ҳукми 18 соли зиндон барои таҷовуз ба номуси келин

Суди вилояти Суғд сокини 53-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О.Ҷ-ро мутобиқи моддаи 138, қ. 3, банди «д»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Таҷовуз ба номус бо истифодаи яроқ ё таҳдиди истифодаи он ё предмете, ки ба сифати яроқ хизмат мекунад) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Раиси мурофиаи додгоҳии мазкур судя Суҳроб […]

Мавлуда Рофиева



Суди вилояти Суғд сокини 53-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О.Ҷ-ро мутобиқи моддаи 138, қ. 3, банди «д»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Таҷовуз ба номус бо истифодаи яроқ ё таҳдиди истифодаи он ё предмете, ки ба сифати яроқ хизмат мекунад) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Раиси мурофиаи додгоҳии мазкур судя Суҳроб Нурализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда нахуст соли 2013 ва маротибаи дуюм соли 2015 ба номуси ҳамсари писари худ – модари ду наберааш, зани 26-сола дастдарозӣ карда, пас аз дафъаи дуюми содир шудани ин амал, зан аз ин ҳодиса хешовандонашро огоҳ мекунад ва фарзандонашро бо худ гирифта, ба хонаи волидонаш меравад.

Қобили зикр аст, ки ҳамсари маҳкумшуда ва ҳамчунин шавҳари ҷабрдида дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.