Ҳайати Парлумони Аврупо таҳти сарварии раиси гурӯҳи Парлумони Аврупо оид ба робитаҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ивета Григуле имрӯз бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни сафар ба Душанбе ҳайати Парлумони Аврупо дар ҳарду палатаҳои парлумон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин вохӯрии намояндагони Парлумони Аврупо бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар буда, дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешаванд.



