Тахсиси 9 млн. $ ба Тоҷикистон барои сабуксозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рӯзи сешанбе, 3 ноябр ҷудо шудани 38 млн. доллари ИМА барои маблағгузорӣ ба марҳилаи аввали «Барномаи мутобиқсозӣ ва сабук гардонидани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал»-ро маъқул шуморид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита, дар доираи маблағгузории тасдиқшуда ба марҳилаи аввали ин барномаи минтақавӣ, […]

ASIA-Plus



Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рӯзи сешанбе, 3 ноябр ҷудо шудани 38 млн. доллари ИМА барои маблағгузорӣ ба марҳилаи аввали «Барномаи мутобиқсозӣ ва сабук гардонидани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал»-ро маъқул шуморид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита, дар доираи маблағгузории тасдиқшуда ба марҳилаи аввали ин барномаи минтақавӣ, 9 млн. доллари ИМА ба Тоҷикистон, 14 млн. доллари ИМА ба Ӯзбекистон ҷудо гардида, боз 15 млн. доллари ИМА барои роҳандозии фаъолияти минтақавӣ равона мешавад, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Фонди байнлумилалии наҷоти баҳри Арал бо дастгирии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.

Қайд мешавад, ки дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай барои ҳамроҳшавӣ ба барномаи мазкур давоми ду соли минбаъда корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Ҳадафи барнома истифодаи афзалиятҳои ҳамкории минтақавӣ ва робитаи мутақобила баҳри ҳаллу фасли мушкилоти афзояндаи тағйирёбии иқлим унвон мешавад, ки бисёр вақт танҳо дар марзҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба итмом намерасанд.

Гуфта мешавад, амалисозии барнома ба беҳбуди кори палтформа оид ба муколамаи устувори минтақавӣ ва табодули маълумоту таҷриба миёни ҳамаи кишварҳои минтақа дар масоли тағйирёбии иқлим дар бахшҳои гуногун бо шумули соҳаи кишоварзӣ, идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, таъминот бо об, энергетика ва ғайра мусоидат менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чаҳорчӯби амалисозии марҳилаи аввали барнома аз афзалиятҳои лоиҳаҳои он 240 ҳазор нафар аҳолии муқими Тоҷикистону Ӯзбекистон истифода карда метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.