Талабот ба адвокатҳо дар Тоҷикистон пурзӯртар мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро дастгирӣ намуд. Зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун назди вакилони парлумон, вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки онҳо қабл аз ҳама барои беҳбуди хизматрасониҳои адвокатӣ ба аҳолӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи касбии адвокатҳо […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро дастгирӣ намуд.

Зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун назди вакилони парлумон, вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки онҳо қабл аз ҳама барои беҳбуди хизматрасониҳои адвокатӣ ба аҳолӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи касбии адвокатҳо нигаронида шудаанд.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои мазкур, минбаъд ба шахсони қаблан маҳкумшуда бидуни назардошти муҳлати суд шудани онҳо, машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистон манъ карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба шахсоне, ки барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ ё риоя кардани савганди ёдкарда аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз кор озод карда шудаанд, дигар ба машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ дода намешавад.

Шахсоне, ки забони тоҷикиро намедонанд ва ҳамчунин афроде, ки шаҳрвандии Тоҷикистон надоранд, минбаъд ба аҳолӣ хизматгузориҳои адвокатиро пешниҳод карда наметавонанд.

Дар ин робита раиси палатаи поёнии парлумон савол дод: «Агар шахс аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ барои риоя накардани интизоми меҳнат аз кор озод шуда бошад, оё минбаъд ӯ метавонад ба фаъолияти адкокатӣ машғул шавад?»

Вазири адлияи ҷумҳурӣ дар посух изҳор намуд, ки вайрон кардани интизоми меҳнат ва риояи савганди ёдкарда мафҳумҳои гуногунанд. «Дар ҳолати вайрон шудани интизоми меҳнат, муҷозот мутобиқи талаботи Кодекси меҳнат сурат мегирад, риоя накардани савганди ёдкарда бошад, ин аллакай ҷиноят аст», – гуфт вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.