Зуҳуров ба муҷозоти сазовори гунаҳкорони марги Умаралӣ бовар дорад

Пас аз анҷоми ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳори бовар кард, ки таҳқиқи ҳодисаи марги шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург воқеъбинона сурат гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд. Ш.Зуҳуров таъкид дошт, ки аз рӯзҳои аввали ин фоҷеа дар оилаи Назаровҳо палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ мудом […]

Аваз Юлдошев



Пас аз анҷоми ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳори бовар кард, ки таҳқиқи ҳодисаи марги шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург воқеъбинона сурат гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд.

Ш.Зуҳуров таъкид дошт, ки аз рӯзҳои аввали ин фоҷеа дар оилаи Назаровҳо палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ мудом аз рӯи ин масъала бо Думаи Давлатии Русия дар тамос аст.

«Ман ба раиси Кумитаи оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният Ҷӯрахон Маҷидов дастур додам, ки ҳамарӯза бо гурӯҳи тафтишотое, ки ба муайян кардани сабабҳои марги кӯдак машғул аст, дар робита бошад ва ин дастур айни замон ба иҷро расида истодааст», – қайд кард Зуҳуров.

Раиси палатаи поёнии парлумон ба вакилон иттилоъ дод, ки бо дархости ӯ Думаи Давлатии Русия низ доимо бо гурӯҳи тафтишотии ин қазия дар тамос аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.