Ҳавопаймои дар Судон суқуткарда ба номи ширкати Тоҷикистон сабт шудааст



Ҳавопаймои АН-12, ки субҳи 4 ноябр дар Судони Ҷанубӣ суқут кард, ба номи ширкати Asia Airways-и Тоҷикистон сабт шудааст. Дар пайи ин садама ҳадди аққал 25 нафар ҷон бохтанд.

Масъулони ширкати тоҷикистонии “Asia Airways”, ки ҳавопаймои АН-12 бо номи он сабт шудааст, мегӯянд, ки дар дохили ҳавопаймо он ягон шаҳрванди Тоҷикистон набуд. Нарзиқул Ҳамроев, мудири кулли ин ширкат, дар суҳбат бо

Радиои Озодӣ

гуфтааст, халабонҳояш асосан арманиҳо будаанд.

Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо рӯзи 4 ноябр ба қасди Палоч дар аёлати Нили боло парвоз мекард, вале дар наздикии фурудгоҳи байналмилалӣ суқут кард. Сухангӯи президенти Судони Ҷанубӣ Атени Век гуфтааст, ду нафар – як узви экипаж ва як кӯдак – аз ин сониҳа ҷони солим ба дар овардаанд. Расонаҳо мегӯянд, ҳавопаймои АН-12 чанд лаҳза баъди парвозаш суқут кард ва болои моҳигирону сокинон афтод, ки ба навиштаи онҳо дар канори Нили Сафед машғули кор будаанд.

Нарзиқул Ҳамроев гуфтааст, иллати садамаи ҳавопаймои онҳо маълум нест ва мушаххасоташ танҳо баъд аз анҷоми таҳқиқот маълум мешавад. Ба қавли ӯ, ин ҳавопаймо бар асоси қарордод дар истифодаи ширкати “Ала Интернешнл” қарор доштааст, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сабтином шудааст.

“Ҳавопаймо аз ширкати тоҷикӣ аст ва аммо барои истифода ба як ширкати сабтшуда дар Иморот дода шудааст. Мо суғурта ё бима ҳам дорем. Албатта, намояндаи мо дар таҳқиқи ин ҳодиса ҳузур хоҳад дошт ва танҳо таҳқиқ рӯшан мекунад, ки иллати садама чӣ буд. “Ала Интернешл” ба тамоми ин масъалаҳо машғул хоҳад шуд,” – афзудааст Ҳамроев.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Комсомолская правда”-и чопи Маскав навиштааст, ки ин ҳавопаймо дар тӯли солҳои 2007-2014 дар Арманистон истифода шуда, ҳамагӣ як соли пеш аз ҷониби ширкати тоҷикистонӣ харидорӣ шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное