Ҷаласаи Кумитаи ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистону Аврупо дар Душанбе

Намояндагии Осиёи-Марказии Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 то 06 ноябри соли 2015 ташриф меорад. Ба ҳайати намояндагӣ 8 нафар вакилони Парлумони Аврупо (ПА) шомиланд, ки намояндагони гурӯҳҳои асосии сиёсии Парлумони Аврупо мебошанд. Мақсади асосии сафар – гузаронидани ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкории парлумонӣ, ки таҳти раёсати Ивета Григуле (ПА) ва Шариф Раҳимзода (Маҷлиси Намояндагон) […]

Иттилоияи расмӣ



Намояндагии Осиёи-Марказии Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 то 06 ноябри соли 2015 ташриф меорад. Ба ҳайати намояндагӣ 8 нафар вакилони Парлумони Аврупо (ПА) шомиланд, ки намояндагони гурӯҳҳои асосии сиёсии Парлумони Аврупо мебошанд.

Мақсади асосии сафар – гузаронидани ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкории парлумонӣ, ки таҳти раёсати Ивета Григуле (ПА) ва Шариф Раҳимзода (Маҷлиси Намояндагон) баргузор мегардад.

Дар чорчӯбаи ташриф, намояндагии Парлумони Аврупо як қатор вохӯриҳоро бо мансабдорони ҳукуматии олимақом ба нақша гирифтааст. Мувофиқи рӯзномаи кор вохӯриҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷа Сироҷиддин Аслов ва Раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров пешбинӣ шудаанд. Инчунин намояндагии Парлумони Аврупо бо намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо ба нақша гирифтааст.

Иттиҳоди Аврупо аз 28 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб аст. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад.

Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи инсон ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст.

Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушти мамлакат ба маблағи тақрибан 25 млн. евро кӯмак фароҳам менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.