Анҷоми машқҳои низомии «Ҳифз-2015» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ

Аз рӯи натиҷаҳои машқҳои бузургмиқёси низомии «Ҳифз-2015», ки имрӯз дар қаламрави Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ба итмом мерасанд, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иштирокчиёни фаъоли онро қадрдонӣ хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод. Ёдрас мекунем, ки машқҳо аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки […]

Аваз Юлдошев



Аз рӯи натиҷаҳои машқҳои бузургмиқёси низомии «Ҳифз-2015», ки имрӯз дар қаламрави Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ба итмом мерасанд, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иштирокчиёни фаъоли онро қадрдонӣ хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки машқҳо аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки беш аз 40 ҳазор нафар кормандони муассисаҳои давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ барпо мешаванд.

Ба қавли Маҳмадалиев, раҳбарияти Вазорати мудофиа ба иштирокчиёни фаъоли машқҳо медалу грамота ва туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, ба афсарони эҳтиётӣ рутбаҳои нави ҳарбӣ дода мешаванд.

Давраҳои омӯзишӣ ва машқҳо дар доираи иҷрои Фармони президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақша оид ба ташкили мудофтраи қаламрав» гузаронида мешаванд.

Дар ин чорабиниҳо тарзу усулҳои ташкили мудофиаи қаламрав, даъват ва сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётии мудофиаи миллӣ ва ҳамчунин машқҳои фармондеҳӣ-тактикии фаврии зиддитеррористӣ мавриди омӯзиш ва иҷро қарор мегиранд.

Ба ин машқҳо баталйони тактикии воҳиди зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар водии Рашт, 10 адад авиатсияи ҳарбӣ ва 100 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия сафарбар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.