Мақоми 160-уми Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА

Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 4 ноябр ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон боз ду мавқеъро аз даст дода, то зинаи 160-ум поин рафт. Дар ин рейтинг дастаи Тоҷикистон соҳиби 156 имтиёз аст. Ҳарифони мунтахаби футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В»-и мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 мақомҳои зеринро касб кардаанд: Австралия зинаи […]

Аваз Юлдошев



Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 4 ноябр ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон боз ду мавқеъро аз даст дода, то зинаи 160-ум поин рафт. Дар ин рейтинг дастаи Тоҷикистон соҳиби 156 имтиёз аст.

Ҳарифони мунтахаби футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В»-и мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 мақомҳои зеринро касб кардаанд: Австралия зинаи 58-ум, Урдун – 99-ум, Қирғизистон – 146-ум ва Бангладеш – 182-юм.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2002 бо касби зинаи 168-ум ба қайд гирифта шудааст.

Бозии навбатии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 санаи 12 ноябр дар Душанбе бо тими мунтахаби Бангладеш баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.