Хонаи ақди никоҳи Хуҷанд ва ансамбли «Зебо» соҳиби бинои нав мешаванд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳудуди хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр барои сохтмони бинои хонаи ақди никоҳ ва ансамбли рақсии «Зебо» санги асос гузошт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бинои мазкур соли оянда, дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлати мавриди  истифода қарор гирифта, барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фарҳанг тӯҳфаи арзанда […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳудуди хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр барои сохтмони бинои хонаи ақди никоҳ ва ансамбли рақсии «Зебо» санги асос гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бинои мазкур соли оянда, дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлати мавриди  истифода қарор гирифта, барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фарҳанг тӯҳфаи арзанда хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 5457 метри квадрати ва масоҳати сохтмон 2365 метри квадратиро фаро мегирад. Дар ин ҷо хонаи акди никоҳ, ҳуҷраҳои хизматӣ, бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хобгоҳ барои аъзои ансамбли «Зебо», толори машқи рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва толори маҷлисиву консерти барои 380 ҷой сохта хоҳад шуд.

Сохтмони иншооти мазкур бо арзиши беш аз 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва соҳибкорон ба субут расонида шуда, дар сохтмони он соҳибкори инфиродӣ Замира Иброҳимова, ширкатҳои «Ветсервис» ва «Нанотех» саҳм мегузоранд.

Раиси вилоят кормандони сабти ҳолати шаҳрвандӣ ва аъзои ансамли «Зебо» – ро, ки дар он 110 нафар наврасону кӯдакон аз ҳисоби писарону духтарон фаъолият мебаранд, бо ин рӯйдоди муҳим таҳният гуфта, таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои созандагӣ маҳз ба туфайли Истиқлолият, ваҳдату ҳамдилии мардуми кишвар ва сиёсати ояндабини сарвари давлат амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон бо иштироки Раиси вилоят дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Манзили истиқоматӣ 9 ошёна буда, аз 5 қисм ва 140 ҳуҷраи як, ду ва сеошёна иборат хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи кулли шаҳр дар ин мавзеъ бунёди 5 чунин бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ дар назар дошта шудааст. Хонаи истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбини шуда, барои сохтмони он 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети равона мегардад. Дар хонаи нави истиқоматӣ 160 оила метавонанд соҳиби ҷои зист шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.