Бо мусоидати кормандони Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия дар фурсати кӯтоҳ аз Абхозистон берун овардани 5 шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистон дар он ҷо муяссар гардид.
Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия, Дафтари кории Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Маскав, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия ва ҳамчунин консулгарии фахрии ҶТ дар Краснодар дар нуқтаи сарҳадбонии Адлер ҷиҳати ба ватан баргаштан барои муҳоҷирони тоҷик долон (коридор)-и муваққатӣ боз шудаааст.
Ба гуфтаи манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон Зафар Абдурашидов, Толибҷон Ҷӯраев, Аҳмадхон Ҳазратов, Наврӯз Мелибоев ва Умедҷон Шарипов тариқи хатсайри ҳавоии Сочи – Хуҷанд ба ватан баргаштанд.
«Ҳамаи онҳо марзи Русияро убур намуда, аммо барои бозгашт боз ба қаламрави Русия марзбонони рус ба онҳо иҷоза надодаанд, зеро вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ шуда будааст. Аз ин рӯ, сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҶТ дархост мекунад, ки барои ба чунин ҳолатҳо роҳ надодан, аз сафар ба Абхозистоон худдорӣ варзанд. Мо огаҳем, ки шаҳрвандони ҶТ ба ин кишвар асосан барои убури марз ва қонунӣ кардани будубоши худ дар қаламрави Русия сафар мекунанд. Лекин агар дар пойгоҳи иттилоотӣ дар бораи манъи вуруди онҳо дубора ба Русия маълумот вуҷуд доштиа бошад, марзбонони Русия ба вуруди онҳо иҷоза намедиҳанд», – шарҳ дод Эгамзод.



