Ҷазои сахти ФИФА ба ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон

Бо қарори Кумитаи интизоми Федератсияи байнлумилалии футбол (ФИФА) ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев аз ҳаққи иштирок дар ҳайати даста дар 4 бозӣ маҳрум карда шуд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии даври панҷуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 бо дастаи Қирғизистон, ки рӯзи 8 октябр дар Бишкек доир гардид, футболбози […]

ASIA-Plus



Бо қарори Кумитаи интизоми Федератсияи байнлумилалии футбол (ФИФА) ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев аз ҳаққи иштирок дар ҳайати даста дар 4 бозӣ маҳрум карда шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии даври панҷуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 бо дастаи Қирғизистон, ки рӯзи 8 октябр дар Бишкек доир гардид, футболбози тоҷик бо сардовари бозӣ ба муноқиша пардохта, ӯро таҳқир намуд ва барои ин амалаш мавриди чунин муҷозот қарор гирифт.

Дар ин бозӣ Фарҳод Восиев дар вақти изофашуда, ҳангоме ки довари эронӣ Муд Бонядифард ба дарвозаи Тоҷикистон зарбаи 11-метра таъин кард, корти сурх гирифт.

Дар бозӣ бо дастаи Ӯрдун (0:3) Восиев барои корти сурх гирифтан дар вохӯрӣ иштирок надошт. Бозигари дастаи «Газовик»-и Оренбург Ф.Восиев акнун дар се бозии боқимондаи дастаи мунтхабаи Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 – бо дастаҳои Бангладеш (12 ноябри соли 2015), Австралия (24 марти соли 2016) ва Қирғизистон (29 март) низ ҳаққи иштирок карданро надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.