Кушта шудани кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт

Афроди номалум  ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса субҳи рӯзи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотӣ рух додааст. Шахсони номаълум бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пӯлод, […]

ASIA-Plus



Афроди номалум  ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса субҳи рӯзи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотӣ рух додааст. Шахсони номаълум бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пӯлод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссарияти мазкур Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Гуфта мешавад, дар натиҷа Мирзоев П. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Пас аз чанд муддат шаҳрванд Насибов Ҳ. низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Зимнан аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки  агар оид ба ҳодисаи куштор ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта ягон маълумот дошта бошанд, ба мақомоти милитсия хабар расонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.