ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи 1 млн. $ автомашинаҳо тақдим кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба баталйони ҳомии сулҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи умумии 1 млн. доллари ИМА 5 адад автомашинаҳои навъи J-8-и дорои қобилияти ҳаракат дар бероҳаро тақдим намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод. Зимни супурдани калиди автомашинаҳо ба фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор […]

Аваз Юлдошев



Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба баталйони ҳомии сулҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи умумии 1 млн. доллари ИМА 5 адад автомашинаҳои навъи J-8-и дорои қобилияти ҳаракат дар бероҳаро тақдим намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Зимни супурдани калиди автомашинаҳо ба фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Миралӣ Раҳматзода  кордори муваққатии Вашингтон дар Душанбе Лесли Хейдн изҳор намудааст, ки шурӯъ аз соли 2009 барои муҷаҳҳаз гардонидани баталйони дар боло зикршуда тавассути харидории техникаву таҷҳизот, ИМА ҳудуди 6,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.

Намояндагони сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими оғози сохтмони тамрингоҳи муосир дар қаламрави баталйони ҳомиии сулҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.