Суғд: Тамаъҷӯии як ҷавонзан бо таҳдиди паҳн кардани сабти наворҳои маҳрамона

Кормандони милитсия ҷавонзани 20-солаи сокини шаҳр Исфараро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир намуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд муддати муайян бо ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муносибати маҳрамона дошта, дар давоми аз моҳи августи соли 2014 то моҳи октябри соли 2015 ба воситаи тамаъҷӯӣ аз маъшуқаш 1 ҳазор доллари […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия ҷавонзани 20-солаи сокини шаҳр Исфараро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд муддати муайян бо ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муносибати маҳрамона дошта, дар давоми аз моҳи августи соли 2014 то моҳи октябри соли 2015 ба воситаи тамаъҷӯӣ аз маъшуқаш 1 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҷавонзан ин маблағро бо таҳдиди паҳн кардани сабти наворҳои алоқаи ҷинсиашон тамаъ мекардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.