Хуҷандро боз як иншооти нодири фарҳангиву таърихӣ оро медиҳад

Шаҳраки донишҷуёнро, ки дар миёни маҳаллаҳои 19-уму бистум ва 17-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бунёди боз як иншооти таърихию фарҳангии меъморӣ ҳусну таровати бештар хоҳад бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо иқдоми роҳбарияти вилоят дар ин макон маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик қомат хоҳад афрохт. Маҷмаа аз […]

ASIA-Plus



Шаҳраки донишҷуёнро, ки дар миёни маҳаллаҳои 19-уму бистум ва 17-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бунёди боз як иншооти таърихию фарҳангии меъморӣ ҳусну таровати бештар хоҳад бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо иқдоми роҳбарияти вилоят дар ин макон маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик қомат хоҳад афрохт. Маҷмаа аз пайкараи Темурмалик бо кишти, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизи ӯ ва дигар бахшҳои фарҳангию фароғатӣ мураттаб мегардад.

Рӯзи 4 ноябр раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз мавзеи иншооти оянда боздид намуда, бо ҷараёни корҳои омодагӣ ва баррасии ҷузъиёти лоиҳа аз наздик шинос шуданд.

Роҳбари вилоят ба масъулини сохтмон, олимону таърихшиносон, меъморон ва аҳли адаб дастур дод, ки ҳангоми амалисозии корҳои лоиҳакашӣ ва тарҳрезӣ хусусиятҳои аслию таърихии замони Темурмаликро ба назар гиранд ва ин макони тамошобоб ибратбахши насли ҷавон бошаду барои кулли шаҳрвандон дастрасу оммавӣ бошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.