Эмомалӣ Раҳмон ИА-ро ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду амният даъват кард

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳайати Парлумони Аврупоро бо раҳбарии Ивета Григуле, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили солгарди қабули Сарқонуни Тоҷикистон ташриф овардани ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро фоли нек номида, изҳори бовар намуд, ки сафари онҳо […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳайати Парлумони Аврупоро бо раҳбарии Ивета Григуле, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили солгарди қабули Сарқонуни Тоҷикистон ташриф овардани ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро фоли нек номида, изҳори бовар намуд, ки сафари онҳо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ду ҷониб такони нави созанда хоҳад дод.

“Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣҷонибдори боэътимоди ҳамкории фарох бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳо бо Аврупо ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо пазируфта шудааст”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле дар навбати худ, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо Тоҷикистонро шарики хуб, боэътимод ва созандаи хеш дар Осиёи Марказӣ медонем”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Парлумони Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноат карда, ҳамзамон таъкид дошт: “Имрӯз дар раванди муноситбатҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ ба мадди аввал мебароянд”.

Дар ин робита ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон чун энергетика, саноат, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки “мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ин мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию амниятии кишвари мо ва кулли минтақа бо фарогирии Афғонистон аст”.

Ҳамчунин атрофи раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, зарурати идомаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, доир ба авзои кунунии Ховари Миёна ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.