Тибқи хулосаи коршиносони судиву тиббӣ, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст. Дар ин бора нашрияи
«Новая газета»
хабар медиҳад.
Кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назаров ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фирисиода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид.
Дар хулосаи ташхиси маҷмӯавии судиву тиббӣ дар ин робита гуфта мешавад: «Сабаби марги Умаралӣ Назаров бемории инфексияи ситомегаловирусӣ аст. Ин инфексия бинобар сабаби фаъол шудани бемории норасоии кори шушу дил мушкил гардида, дар узвҳои дохилии кӯдак на спирти этиливу, на маводи нашъаовар ва дорувории сахттаъсир дарёфт нашудааст».
Дар Бюрои ташхиси судиву тиббӣ ба нашрия шарҳ додаанд, ки бемории инфексияи ситомегаловирусӣ маънои осеб дидани ҳамаи узвҳои ҳаётан муҳимро дорад.
Тибқи маълумоти таҳқиқоти доиргардида, вируси мазкур дар ҷисми Умаралӣ на дар як рӯз фаъол будааст, зеро низоми нафаскашии ҷисм ва кори дилу рӯдаро ҳам заъиф карда будааст.
Пас аз марг дар кӯдак чунин бемориҳо ошкор шудаанд: «варами шуш, дистрофия (вайрон шудани кори ғизогирии бофтаҳо ва узвҳои бадан)-и ҷигар, дистрофияи ғадуди зери меъда, осеби меъда, тағйирёбии узви зери гурда, варами кӯҳнаи рӯдаи нозук (энтерит), варами парда ва бофтаи мағзи сар, варами ҳароммағз».
Патологоанатомҳо таъкид доштаанд, ки кӯдак метавонист дар батни модар низ ба бемории инфексияи ситомегаловирусӣ гирифтор шавад.
Табибони бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин ва чанде аз ҳамтоёни онҳо изҳор кардаанд, ки бемории инфексияи ситомегаловирусиро зоҳиран мушоҳида кардан ғайриимкон аст. Ба гуфтаи онҳо, танҳо пас аз муоинаи комплексӣ метавон чунин бемориро ташхис намуд.
Олга Сейтлина, адвокати ҷабрдидагон ва худи онҳо то ҳол бо натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ, ки санаи 15 октябр таъин гардида буд, шинос карда нашудаанд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи октябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Санкт-Петербург Светлана Агапитова ба журналистон хабар дода буд, ки
сабаби марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа
бояд рӯзи 14 ноябр баъди маълум шудани натиҷаҳои таҳқиқи ҷасад муайян карда шавад.



