Гумонбарии зодаи Тоҷикистон ба як силсила ғоратгариҳо дар вилояти Маскав

Бино ба маълумоти сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба як силсила ғоратгариҳо гумонбар дониста мешавад, дар ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав боздошт шудааст. «Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД Русия дар ноҳияи Дмитрово дар наздикии деҳаи Дятлино зодаи 24-солаи Тоҷикитстонро, ки қаблан маҳкум шудааст, ба гумони даст доштан дар содир намудани […]

ASIA-Plus



Бино ба маълумоти сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба як силсила ғоратгариҳо гумонбар дониста мешавад, дар ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав боздошт шудааст.

«Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД Русия дар ноҳияи Дмитрово дар наздикии деҳаи Дятлино зодаи 24-солаи Тоҷикитстонро, ки қаблан маҳкум шудааст, ба гумони даст доштан дар содир намудани як силсила амалҳои ғоратгарона боздошт карданд», – гуфта мешавад дар

маълумот

.

Қайд шудааст, ки боздоштшуда шомгоҳон тариқи зӯроварӣ маснӯоти заргариву ҷавоҳирот ва маблағҳои пулии занонро кашида мегирифтааст. Дар ду ҳолати амалҳои ба ин монанди ғайриқонунӣ даст доштани боздоштшуда исбот гардидааст. Зиёни моддии расонидашуда беш аз 30 ҳазор рубл арзёбӣ шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 161-и Кодекси ҷиноии Русия (амали ғоратгаронаи содиршуда бо истифода аз зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатӣ зараровар нестанд) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда муҳлати то 7 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.