Тоҷики боздоштшуда дар Екатеринбургро ҷангии «Толибон» гумонбар медонанд

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия кормандони пулис ва Хадамоти федералии амният шаҳрванди Тоҷикистонрол боздошт карданд, ки ба гумони иштирок дар иттиҳодияҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, кормандони мақомот Аслиддин Нурови 28-соларо дар яке аз хонаҳои воқеъ дар кӯчаи Вилгелм де Генин боздошт намудаанд, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Екатеринбурги Русия кормандони пулис ва Хадамоти федералии амният шаҳрванди Тоҷикистонрол боздошт карданд, ки ба гумони иштирок дар иттиҳодияҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, кормандони мақомот Аслиддин Нурови 28-соларо дар яке аз хонаҳои воқеъ дар кӯчаи Вилгелм де Генин боздошт намудаанд, ки ӯ ин хонаро ба иҷора гирифта будааст. Дар Тоҷикистон ӯ ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 187-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Иштирок дар иттиҳодияҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ) айбдор карда мешавад.

Тибқи маълумоти фаврӣ, давоми солҳои 2005-2008 А.Нуров зимни таҳсил дар муассисаи динии «Махзан-у-Улум» дар Эрон меъёрҳои исломро азхуд намудааст.

«Соли 2009 дар шаҳри Пешовари Покистон гумонбаршуда малакаву маҳорати ҷангии якҳарбаи шарқиро омӯхта, аз соли 2010 дар амалиёти ҷангӣ дар сафҳои созмони байнулмилалии террористии «Толибон» дар марзи Афғонистону Покистон иштирок кардааст», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, аз манзили боздоштшуда кормандони сохторҳои қудратӣ ҳудуди 10 китоб бо забони хориҷиро дарёфт намуда, кормандони маркази муқовимат бо ифротгароӣ ва Хадамоти федералии амният мазмуну мундариҷаи онро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон боздоштшуда дар ҳабс буда, масъалаи истирдоди ӯ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.