Аввали ҳамин ҳафта дар Бродвейи шаҳри Ню-Йорк нахустнамоиши филми мустанади коргардони шинохтаи тоҷик Сафарбек Солиев – «Комил» баргузор шуд.
Нахустнамоиши филм дар бораи ҳаёту эҷодиёти коргардони машҳури шӯравӣ, аввалин донишҷӯи Донишкадаи давлатии кинематографияи шӯравӣ аз Осиёи Марказӣ Комил Ёрматов аз ҷониби синамогарони амрикоӣ ташкил карда шуда, дар Клуби продюсерҳои Ню-Йорк доир гардид.
Дар нахустнамоиш наворбардор-басаҳнагузоранда Мирон Пенсон ҳузур дошт, ки бо Ёрматов муддати 15 соли ахири ҳаёти ӯ ҳамроҳ кор кардааст. Ӯ ба филм баҳои баланд дода, онро «бидуни нуқсон, муосир ва саривақтӣ» арзёбӣ намуд.
Барои тамошобинони амрикоӣ филми «Комил» як бозёфте гардид. Тавассути тақдири қаҳрамони филм онҳо аз таърихи асри 20-уми Осиёи Миёна бисёр маълумоти шавқовару мароқангезро барои худ пайдо намуданд. Тарҷумаи англисии филм низ баҳои баланд гирифт.
Айни замон шабакаҳои телевизионии амрикоӣ оид ба намоиши филм бо муаллифи филм гуфтушунид доранд.
Филми «Комил» аз ҳаёту фаъолияти коргардони маъруфи шӯравӣ, аввалин донишҷӯи Донишкадаи давлатии кинематографияи шӯравӣ аз Осиёи Марказӣ, асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов нақл мекунад. Комил Ёрматов филмҳои машҳури «Алишер Навоӣ», «Ибни Сино», «Тӯфони фазои Осиё», «Сарбозони инқилоб», «Ҳалокати Консули сиёҳ» ва бисёр филмҳои дигарро ба навор гирифтааст.
Барои таҳияи филми мазкур коргардони кино Сафарбек Солиев аз кишварҳои зиёде боздид намуда, зарра-зарра хотироти одамонро, ки ба ҳаёту фаъолияти Комил Ёрматов марбутанд, гирдоварӣ намудааст.





