Cафири Британияи Кабир бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз рафти фаъолиятҳои занон мувофиқи лоиҳаи «Тавоноӣ ва Дороии Зан» аз ноҳияҳои Вахш ва Хуросон боздид намуд.
Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар ҶТ иттилоъ доданд, аз меҳмонхонаи «Бохтариён» меҳмононро афсари барнома Азимова Ҳабиба пазируфта, ба ноҳияи Вахш, ҷамоати Тоҷикобод, деҳаи Пахтакор роҳнамоӣ намуд. Дар ин деҳа меҳмононро гурӯҳи занон бо нону ширинӣ пешвоз гирифта дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд. Дар бораи оғози барнома, ноҳияҳои фарогири он ва шумораи гурӯҳҳои занон, фаъолиятҳои онҳо афсари барнома Ҳабиба Азимова маълумоти мухтасар дод.
Сипас дар бораи фаъолиятҳои гурӯҳҳхои занон дар ноҳияи Вахш корманди саҳроии барнома Махфират Абдуллоева маълумот дод, ки дар ноҳия 131 гурӯҳ фаъолият мекунад, ки 2145 нафар занонро дар бар мегирад. Онҳо фаъолиятро аз ҷамъ намудани «пули ночиз» ва «Худ ҳал кунед» оғоз намуданд. Дар деҳаи Пахтакор 20 гурӯҳ ташкил карда шудааст, ки то имрӯз фаъолиятҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Сафири Британияи Кабир бевосита бо занҳо суҳбат намуд. Дар рафти суҳбат роҳбари гурӯҳ Гулпоччо Маҳмадуллоева иброз намуд – «Мо аз соли 2012 аз рӯи лоиҳаи «Тавоноӣ ва Дороии Зан» гурӯҳ ташкил намудем, гурӯҳи мо аз 20 нафар иборат аст. Фаъолияти нахустини мо ин сангфарш намудани кӯчаамон буд. Баъд аз ин деҳаи мо аз оби нӯшокӣ танқисӣ дошт ва гурӯҳи занон мақсад гузоштанд, ки ба хати деҳа оби нӯшокӣ гузаронанд».
Роҳбари гурӯҳи «Чилдухтарон» Моҳсафар Сафарова аз фаъолиятхои гурӯҳи худ боифтихор ҳарф мезад: – «Дар деҳаи мо шумораи ҷавондухтарони бекор зиёд буданд ва аъзои гурӯҳи мо мақсад гузоштанд, ки ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё намоянд, бо ин мақсад корхонаи хурди дӯзандаги сохта, ҷавондухтаронро ба омӯхтани касбҳои дӯзандагӣ ҷалб намудем ва ҳоло ҷавондухтарон ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, чакан ва дигар ҳунарҳои дӯзандагиро омӯхта, маҳсули меҳнати худро ба савдо гузоштанд ва бо ин сатҳи зиндагии худро хеле баланд намуданд».
Занон бо навбат дар бораи фаъолиятҳои худ дар гурӯҳ маълумот медоданд. Ба Сафири Британияи Кабир маҳсулотҳои занон занон хеле маъқул шуда, аз он харидорӣ намуд. Дар охир Сафири Британияи Кабир ба занон барои истиқбол ва фаъолиятҳояшон изҳори миннатдорӣ намуд.
Сафири Британияи Кабир аз ноҳияи Вахш ба ноҳияи Хуросон сафар намуд. Сафир дар ҷамоати Айнӣ, деҳаи Ҷавонӣ бо фаъолиятҳои гурӯҳҳои занон шинос шуд. Меҳмононро дар саҳни мактаби №50 омӯзгорон, хонандагон ва аъзои гурӯҳҳои занон бо нону ширинӣ пешвоз гирифтанд. Корманди саҳроии барнома Маҳина Худойдодова дар бораи фаъолиятҳои гурӯҳҳои занон дар ноҳияи Хуросон чунин маълумот дод: «Дар ноҳияи Хуросон 109 гурӯҳи занон ташкил карда шудааст ва ин гурӯҳҳо фаъолиятҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд». Дар деҳаи Ҷавонӣ 3 гурӯҳи занон аз соли 2012 кору фаъолияти худашонро сар намуда, то ҳол давом дода истодаанд. Мактабе , ки хонандагон дар аввал таҳсил менамуданд, дар назди роҳи калони мошингузар ҷойгир буд ва 2 нафар хонанда дар натиҷаи садамаи нақлиёт ба ҳалокат расида буданд. Гурӯҳи занон ба қарор омаданд, ки бо дастгирии аҳолии деҳа ва раиси маҳалла синфхонаи иловагӣ созанд, то ин ки хонандагон то синфи 9-ум таҳсил намоянд. Ҳоло ин мактаб 9-сола мебошад. Мушкилоти дигари ин мактаб аз он иборат буд, ки ҳоҷатхонаи мактаб ба талабот ҷавобгӯ набуд, аз ин сабаб гурӯҳи занон барои мактаб 2 ҳоҷатхона ва 1 амборхона барои нигоҳдории сӯзишворӣ сохта доданд. Сипас байни сафир ва занон саволу ҷавоб шуда гузашт. Сафир- «Шумо маблағи ҷамъовардаи худро дар куҷо нигоҳ медоред? Ва онро чӣ гуна истифода мебаред? Баъди сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оё дигар садамаҳои нохуш бо хонандагон рух надод?» Ба ин савол занон чунин ҷавоб доданд: «Маблағи мо дар дасти хазинадор нигоҳ дошта мешавад ва як қисми онро мо барои ҳалли мушкилоти аъзои гурӯҳ ва боқимонда барои ҳалли дигар мушкилотҳо истифода мебарем. Баъди сохмони синфхонаҳои иловагӣ дигар бо хонандагон садамаи нақлиёт рух надодааст».
Сафир аз намоиши маҳсулоти хоҷагӣ, ки занон ташкил карда буданд, боздид намуд. Сипас барои истиқболи самимона миннатдорӣ изҳор намуда, фаъолиятҳои барномаро мақбул донист. Бо ҳамин сафари Сафири Британияи Кабир ба ноҳияи Хуросон хотима ёфт.



