Имрӯз ҷасади Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки рӯзи 13 октябр дар шаҳри Санкт-Петербуги Русия фавтида буд, ба хок супурда мешавад.
Ҷасади Умаралӣ Назаров дар ноҳияи Файзобод, дар деҳаи Сафедорҳои Бобои Валӣ, макони зисти бобои модариаш ба хок супурда мешавад.
Субҳи имрӯз ҷасади ӯ тариқи ҳавопаймои хатсайри ширкати «Сомон-Эйр» дар Душанбе оварда шуд. Ҷасад ҳамроҳи модараш ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Дар фурудгоҳ онҳоро хешону наздикони зан ва ҳамсараш пешвоз гирифтаанд.
Хешону наздикони оилаи Назаровҳо ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки пеш аз парвоз ба Душанбе сохторҳои расмии Тоҷикистон ба онҳо гуфтаанд, ки дар Душанбе ташхиси иловагии ҷасад гузаронида мешавад. Онҳо гуфтанд, чанд соате дар фурудгоҳи Душанбе намояндагони расмии мақомотро мунтазир шуданд, вале ҳеҷ касе ҳозир нашуда, ҷасади Умаралиро ба Файзобод бурдаанд ва тасмим гирифтаанд, ки ҳамин рӯз ба хок месупоранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр
аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа
аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад кард. Дар муддати 15 рӯз зан қаламрави Русияро бояд тарк кунад. Моҳи октябр диаспораи тоҷикон аз суд дархост намуда буд, ки хориҷ кардани занро ба муддати 2-3 моҳ то анҷоми тафтишот мавқуф гузорад.
Тибқи
хулосаи коршиносони судиву тиббӣ
, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст.
Ҳамчунин мебояд гуфт, Федератсияи муҳоҷирони Русия барои дастгирии оилаи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки тифлашон дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург фавтид,
таъсиси як фондро дар нақша дорад.
Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.



