Боздиди серӯзаи шоҳзода Ҳусейн Оғо Хон аз Душанбе

Шоҳзода Ҳусейн Оғо Хон, писари волоҳазрат Оғо Хони IV рӯзи якшанбе, 15 ноябр бо сафари серӯза корӣ ба Душанбе ташриф овард. Аз Ташкилоти Оғо Хон оид ба рушд (АКДН) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни сафар шоҳзода Ҳусейн дар семинар оид ба таъсиси агентии нав – Агентии Оғо Хон оид ба муҳити […]

ASIA-Plus



Шоҳзода Ҳусейн Оғо Хон, писари волоҳазрат Оғо Хони IV рӯзи якшанбе, 15 ноябр бо сафари серӯза корӣ ба Душанбе ташриф овард.

Аз Ташкилоти Оғо Хон оид ба рушд (АКДН) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни сафар шоҳзода Ҳусейн дар семинар оид ба таъсиси агентии нав – Агентии Оғо Хон оид ба муҳити зист дар Душанбе ширкат меварзад.

Вазифаҳои асосии Агентии Оғо Хон оид ба муҳити зист аз таъмини хонаводаҳо бо шароитҳои бештар бехатари зист иборат аст, ки аз оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳофиазт карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, Агентии мазкур баҳри фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди имконоти дастрасӣ ба воситаҳои зиндагӣ талош варзида, дастрасӣ ба хизматгузориҳои иҷтимоӣ ва молиявиро низ таъмин хоҳад кард.

Ҳамчунин Агентӣ хонаводаҳоро дар самти қодир будани онҳо ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ аз нигоҳи омодагӣ ва вокуниш ба онҳо низ дастгирӣ карданист.

Фаъолияти Агентии Оғо Хон оид ба муҳити зист кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон, Афғонистону Покистон ва Ҳиндустонро фаро хоҳад гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.