Парлумон лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2016-ро баррасӣ мекунад



Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ даъвати панҷум лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» баррасӣ мешавад.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммато Султонов хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи рӯзи 18 ноябр мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 октябр лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд.

Зимни суханронӣ дар

маҷлиси ҳукумат

оид ба таҳлили вазъи кунунии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар 9 моҳи соли равон  таҳти таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, аз ҷумла воридоти мол 21,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфт ва қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад.

«Дар ин муддат  иҷрои буҷети давлатӣ ба андозаи 96,5 фоиз таъмин шуда, ба он 10,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша  391 миллион сомонӣ кам мебошад», -таъкид дошт Сарвари давлат.

Аз ин хотир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки дар муҳлати боқимондаи соли равон барои иҷрои пурраи Буҷети давлатӣ чораҳои самарабахш андешида, амалӣ намоянд.

Бино ба маълумоти сарвари давлат, ҳаҷми Буҷети давлатӣ барои соли 2016 б миқдори 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли равон қариб 3,3 миллиард сомонӣ ё 19,8 фоиз зиёд аст.

Зикр гардида буд, ки хислати иҷтимоии буҷети давлатӣ оянда низ нигоҳ дошта мешавад ва ба ин хотир дар соли 2016 барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад ва ин маблағ нисбат ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин қайд шуд, ки дар буҷети соли 2016 ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Дар ҷаласаи рӯзи 18 ноябри палатаи поёнии парлумони кишвар ҳамчунин лоиҳаи Барномаи қарзҳои давлатии берунаи Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 низ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

spot_imgspot_img

Популярное