Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо сафири Чин вобаста ба анҷоми мӯҳлати ваколаташ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро вобаста ба анҷоми мӯҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд. ​Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро вобаста ба анҷоми мӯҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.

​Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мазмун ва сатҳи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону кишвари ҳамсояи Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Фан Сянжун барои ҳамкории пурсамар бо Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи иҷрои вазифааш изҳори сипос намуд.

​Фан Сянжун дар навбати худ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати дарҳои бозҳамчун омили муҳими таҳкимбахшандаи равобити кишварҳо миннатдорӣ баён карда, бо итминон иброз дошт, ки минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.