Раиси пойтахт аз прокуратура санҷиши кори шабакаҳои барқиро дархост намуд

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 16 ноябр машварати кории васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи пойтахт баррасӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, бо назардошти таҳлили муроҷиатҳои сокинони шаҳр тариқи телефонҳои боварӣ вобаста ба таъмини […]

Аваз Юлдошев



Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 16 ноябр машварати кории васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи пойтахт баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, бо назардошти таҳлили муроҷиатҳои сокинони шаҳр тариқи телефонҳои боварӣ вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, М.Убайдуллоев аз фаъолияти шабакаҳои барқи шаҳр норозигӣ изҳор намуда, аз мақомоти прокуратураи пойтахт санҷиши фаъолияти шабакаҳои барқи пойтахт дар робита ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгаронро дархост намуд.

Раиси пойтахт ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати тақвияти назорат аз болои кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр дастуру супоришҳо дод.

Ӯ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин дар қаламрави пойтахт ҷалб намуда, дастур дод, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шаванд.

М.Убайдуллоев инчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои роҳ надодан ба нигаҳдории чорвои хонагӣ дар қаламрави шаҳр, тоза кардани селпартоҳо, саривақт берун баровардани партовҳои маишӣ, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввалия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар пойтахт, риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор дар биноҳо ва дигар масоили рӯзмарраи пойтахт ҷалб намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.