Баррасии масъалаи узвияти Ҳиндустону Покистон ба СҲШ дар Пекин

Дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз, 17 ноябр ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ ва ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон ба кор шурӯъ намуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии […]

ASIA-Plus



Дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз, 17 ноябр ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ ва ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон ба кор шурӯъ намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок менамояд.

Гуфта мешавад, дар рафти ҷаласаҳо мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод мешаванд, мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба СҲШ, инчунин дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.