Тамаъҷӯӣ бо таҳдиди паҳн кардани навори видеои маҳрамона

Кормандони милитсия рӯзи 16 ноябр сокини 18-солаи пойтахтро ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт намуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки аввалҳои моҳи октябри соли ҷорӣ ҷавоне бо номи Ф. тавассути интернет бо зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе шинос шуда, худро ҳамчун маҳсгар муаррифӣ намудааст. Гуфта мешавад, номбурда занро ба манзили истиқоматиаш […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия рӯзи 16 ноябр сокини 18-солаи пойтахтро ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки аввалҳои моҳи октябри соли ҷорӣ ҷавоне бо номи Ф. тавассути интернет бо зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе шинос шуда, худро ҳамчун маҳсгар муаррифӣ намудааст.

Гуфта мешавад, номбурда занро ба манзили истиқоматиаш даъват карда, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намуда, ҳаракатҳои шаҳвониашонро ба навор гирифтааст ва баъдан бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди паҳн намудани навори мазкур аз зан маблағи 1400-доллари амрикоӣ талаб кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 18-солаи истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии пойтахт дар вақти гирифтани маблағ дастгир ва нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.