Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумон даъвати панҷум, ки имрӯз доир мегардад, лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» баррасӣ мешавад, ки дар марҳилаи таҳияи он ба баҳсу нофаҳмиҳо дар ҷомеа ва сохторҳои қудратӣ боис гардид.
Ин тағийрот бо ташаббуси Вазорати молия пешниҳод шуда, моҳияташ дар он аст, ки акнун минбаъд барои ба нафақа баромадан, намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон бояд на камтар аз 25 соли тақвимӣ хизмат кунанд. Айни замон хизматчиёни ҳарбӣ пас аз гузаштани муҳлати муайяни хизмат ба нафақа мебароянд.
Ба андешаи чанде аз намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ташаббускорони ворид намудани чунин тағйирот огоҳ нестанд, ки беихтиёр зиён овардан ба пояҳои сулҳ ва субот дар кишварро пешниҳод доранд.
«Онҳо намедонанд, ки баъди чунин пешниҳодҳо шумори одамоне, ки бо хатар барои ҳаёташон ва музди ночизе шабонарӯзӣ бидуни хобу истироҳат ва дур аз оилаашон кор карда, ба Ватан хизмат мекунанд, бамаротиб кам шуда, ҷойи онҳоро ғайриҳирфаиён ва ҳатто ҷинояткорон бо мақсадҳои нопок гирифта метавонанд, ки ба муҳофизати на худу на сохти конститутсионӣ қодир нестанд. Чунин афрод огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ қариб ҳамеша шабонарӯзӣ дар коранд, чӣ будани иду рӯзи истироҳатро намедонанд. Огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ зимни ҳама гуна чорабиниҳои давлатӣ ба реҷаи ба истилоҳ адои хизмати шабонарӯзӣ (мудом дар казарма қарор доштан) мегузаранд ва барои ин пардохти иловагӣ намегиранд», – ибрози назар кард ба «Азия-Плюс» яке аз собиқ кормандони сохторҳои қудратӣ.
Дар ҳамин ҳол, сарчашмаҳои «Азия-Плюс» дар ҳукумат ва парлумони ҷумҳурӣ дар мавриди ин масъала қайд карда буданд, ки дар долонҳои ҳукумат ва парлумон низ ин тағйирот баҳсҳои зиёди зидду нақизро дар пай доштааст.





