Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Соҳибкорӣ – нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт» баргузор мегардад. Чорабинӣ дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон рӯзҳои аз 16-ум то 20-уми ноябр […]



Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Соҳибкорӣ – нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт» баргузор мегардад.

Чорабинӣ дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон рӯзҳои аз 16-ум то 20-уми ноябр ташкил карда мешавад, барпо мегардад.

Дар кори форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Лесли Ҳэйден, Сафири Британиёи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпот иштирок меварзанд.

Ҳамчунин мушовири калони Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаи соҳибкории ҷавонон Ванесса Бери, коршинос оид ба масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва давлатӣ, ҳамзамон менеҷери минтақавӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва давлатии ширкати “Google” дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Алекс Лонг, директори кулли ширкати “EGI Development” Карин Шипман бо презентатсияҳо баромад мекунанд. Директори Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ Дэниел Заретски бо презентатсия баромад мекунад, ки дар он экосистемаи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ, ки дар саросари ҷаҳон фаъолият дорад, муаррифӣ карда мешавад.

Пас аз гузоришҳо муҳокимаҳои панелӣ дар се мавзӯи зерин баргузор мегарданд:

1) Занон – пешвоён дар соҳибкорӣ;

2) Ҷавонон, стартап, инноватсия ва технология;

3) Сармоягузорӣ ба стартапҳо: сармоягузории фариштавӣ, маблағгузории пеш аз оғози фаъолият ва дастгирии стартапҳо.

Пас аз ба итмом расидани муҳокимаҳои панелӣ баррасикунии гурӯҳҳои корӣ барпо мегардад, ки дар он котибон бо таҳлили умумии баҳсҳое, ки дар муҳокимаҳои панелӣ ҷой доштанд, баромад мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.