Ҳамдардии вазири корҳои хориҷӣ ба мардуми Фаронса

Рӯзи 17 ноябри соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов аз сафорати Фаронса дар Тоҷикистон боздид намуда, дар китоби тасаллият ҳамдардии худро ба мардуми Фаронса дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Париж рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ сабт намуд. Дар маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки Сироҷиддин Аслов зимни […]

ASIA-Plus



Рӯзи 17 ноябри соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов аз сафорати Фаронса дар Тоҷикистон боздид намуда, дар китоби тасаллият ҳамдардии худро ба мардуми Фаронса дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Париж рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ сабт намуд.

Дар маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки Сироҷиддин Аслов зимни суҳбат бо сафири Фаронса Дидйе Леруа ба ҳамаи кормандони сафорат ва мардуми дӯсти Фаронса ҳамдилӣ ва ҳамдардии самимиро изҳор намуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари содир шудани амалҳои террористӣ рӯзи 13 ноябр дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж 128 нафар ба ҳалокат расиданд Дар шаҳри Париж реҷаи соати комендантӣ ҷорӣ шудаааст. Ба гуфтаи президенти Фаронса Франсуа Олланд, дар содир шудани ин силсила амалҳои террористӣ  ҷангиёни созмони ифротгрои ба истилоҳ Давлати исломӣ даст доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.