Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти гумонбари дуюм ба қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 17-уми ноябри соли 2015, дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари дуюм дар ҷинояти куштори кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дастгир гардида, ин нафар Раҳматов Шариф Кукановичи 21-солаи бекор, зодаи шаҳри Кӯлоб, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.
«Бо мақсади муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда буд», – омадааст дар хабар.
Рӯзи 13 ноябр ВКД Тоҷикистон дар бораи
боздошти гумонбари якум
ба қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт иттилоъ дода буд, ки ин нафар сокини шаҳри Кӯлоб Умедҷони Амрохон мебошад.
Ёдрас мекунем, ки
субҳи рӯзи 7 ноябр
афроди номаълум ба 4 тан аз кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ҳалок ва боқимонда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
Қаблан ВКД хабар дода буд, ки касоне, ки дар ин бора маълумоти дақиқ медиҳанд, бо 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида мешаванд. Нисбати шахсоне, ки ягон маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон доштани шахсияти онҳо кафолат дода шуд.
Ғайр аз ин, ВКД Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ
ҳеҷ рабте надорад
.





