Иштироки намоянлдагони Тоҷикистон дар маъракаи раъйпурсии Арманистон



Намояндагони Тоҷикистон ба ҳайси нозир дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Арманистон иштирок мекунанд.

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корманди Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Умедҷон Бобозода ва сармутахассиси КМИР ҶТ Ёқубҷон Мадумаров ба сифати нозирон ба шаҳри Ереван раҳсипор мешаванд.

Маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Арманистон санаи 6 декабри соли равон доир гардида, дар ин тағйирот гузаштан ба шакли ҳокимияти парлумонӣ пешбинӣ шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное