Полки тирандозии пойгоҳи низомии 201 аз Кӯлоб ба Душанбе мекӯчад

Полки  149-уми  моторонидашудаи тирандозии  пойгоҳи  низомии  201-уми Русия дар Тоҷикистон аз  вилояти  Хатлон  ба шаҳри  Душанбе  ва гирду атрофи пойтахт ба машқгоҳи Лоҳур кӯчонида мешавад. Ярослав Рошупкин, ёвари фаромндеҳи артиши Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар ин робита гуфтааст, пас аз кӯчонида шудани полк шумораи ҳайати шахсӣ ва вазифаҳои он тағйир намеёбанд. Аз се иншооти низомии Русия […]

ASIA-Plus



Полки  149-уми  моторонидашудаи тирандозии  пойгоҳи  низомии  201-уми Русия дар Тоҷикистон аз  вилояти  Хатлон  ба шаҳри  Душанбе  ва гирду атрофи пойтахт ба машқгоҳи Лоҳур кӯчонида мешавад.

Ярослав Рошупкин, ёвари фаромндеҳи артиши Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар ин робита гуфтааст, пас аз кӯчонида шудани полк шумораи ҳайати шахсӣ ва вазифаҳои он тағйир намеёбанд.

Аз се иншооти низомии Русия дар минтақаҳои Тоҷикистон ду  иншоот – полки  моторонидашудаи Қӯрғонтеппа  ва  маркази  оптикию электронии  «Окно» – и Қӯшунҳои  кайҳонӣ  боқӣ  мемонанд.

«Кӯчонида шудани полк бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мувофиқа шуда, тибқи нақша сурат мегирад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва тақвияти имконоти нерӯи ҷангии ин воҳиди ҳарбӣ аст. Шаҳраки низомӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон супурда мешавад», – хабар додааст Ярослав Рошупкин.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини ҳарбӣ дар хориҷи ин кишвар мебошад. Давоми соли 2015 мушовирони Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар мутахассисон омода намуданд.

Моҳи сентябр ба имконоти пойгоҳ бо  гурӯҳи чархболҳои  Ми-8  ва  Ми-24  мустақар  дар фурудгоҳи  низомии «Айнӣ», дар  30  километрии  Душанбе тақвият бахшида шуд. Созишномае, ки  моҳи октябри соли 2012 ба имзо расид, ба ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ҳадди ақал то соли 2042 имкон медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.