Сафирон ҷонибдори ҳарчи зудтар ҳал шудани баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Дар шаҳри Маскав дидору гуфтушуниди сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири Қирғизистон дар Русия Болот Ҷунусов баргузор шуд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, зимни мулоқот масоили рӯзмарраи рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд. Ҳарду ҷониб манфиатдории худро ба ҳаллу фасли харчи зудтари масоили баҳсноки сарҳадӣ дар […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Маскав дидору гуфтушуниди сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири Қирғизистон дар Русия Болот Ҷунусов баргузор шуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, зимни мулоқот масоили рӯзмарраи рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.

Ҳарду ҷониб манфиатдории худро ба ҳаллу фасли харчи зудтари масоили баҳсноки сарҳадӣ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳор намуданд.

Изҳори бовар шуд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мардуми тоҷику қирғиз минбаъд низ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамсоя, ки манфиат ва ҳадафҳои умумӣ доранд, мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ манфиатдории ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва масоили гуманитарӣ таъкид шуда, ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Бишкек ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон

оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо

доир мегардад. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ва ҷониби Қирғизистонро муовини аввали нахуствазири Қирғизистон Аали Караше намояндагӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.