Боздошти сокини Ёвон ба гумони ташкили мактаби динӣ



Ба гумони даст доштан дар нигаҳдории китобҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ғайриқонунӣ роҳандозии таҳсилоти динӣ, сокини 51-солаи ноҳияи Ёвон Нодирхон Самадов боздошт шуд. Ӯ ҳамчунин бо серзанагӣ (ду зан доштааст) айбдор карда мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки Самадов бидуни доштани ҳеҷ як маълумоти расмии динӣ, дар масҷиди марказии Ёвон ғайриқонунӣ мактаби динӣ ташкил кардааст.

Гуфта мешавад, зимни азназаргузаронии манзили зисти Самадов яке аз занонаш кӯшиш кардааст, ки китобҳои марбут ба ҲНИТ-ро сӯзонад.

spot_imgspot_img

Популярное