Вохӯрии С.Аслов бо намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 19 ноябри соли ҷорӣ бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии ВАО хонум Дуня Миятович дидору гуфтушунид кард. Қобили зикр аст, ки Дуня Миятович бо мақсади ширкат дар 17-ум конфронси Осиёи Марказӣ оид ба ВАО дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 19 ноябри соли ҷорӣ бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии ВАО хонум Дуня Миятович дидору гуфтушунид кард.

Қобили зикр аст, ки Дуня Миятович бо мақсади ширкат дар 17-ум конфронси Осиёи Марказӣ оид ба ВАО дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА, аз ҷумла бо Дафтари он созмон оид ба озодии ВАО мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин атрофи раванди татбиқи лоиҳаи пахши рақамӣ дар Тоҷикистон, чораҳои ҳукумати кишвар дар ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар масъалаҳои ВАО ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.