То ба 7 сомонӣ расидани қурби доллари амрикоӣ дар Душанбе

Қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори нақди Тоҷикистон ба 7 сомонӣ расид. Аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон онҳо доллари амрикоиро 7 сомонӣ (барои 1 $) харида, бо арзиши 7,02 сомонӣ мефурӯшанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар овезаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор рақамҳои 6,72-6,74 сомонӣ […]

ASIA-Plus



Қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори нақди Тоҷикистон ба 7 сомонӣ расид.

Аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон онҳо доллари амрикоиро 7 сомонӣ (барои 1 $) харида, бо арзиши 7,02 сомонӣ мефурӯшанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар овезаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор рақамҳои 6,72-6,74 сомонӣ (қурби хариду фурӯши доллар) дарҷ шудааст.

Дар ҳамин ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии доллари ИМА-ро дар сатҳи 6,66 сомонӣ муқаррар кардааст.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи октябр Бонки миллии Тоҷикистон

тартиби нави муқаррар кардани

қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилиро роҳандозӣ намуд. То ин замон қурби нақдии доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар карда мешуд.

Дар шарҳи интишоршуда дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд шуда буд, ки аз ҷониби БМТ Тоҷикистон муайян кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА дар даврае зарур шуда буд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъи аз ноустувории бозор ва қурби асъор суистифода карда, бо мақсади ҳар чӣ зиёдтар ба даст овардани фоида, беасос қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро баланд мебардоштанд.

«Айни замон, вазъи бозори дохилӣ устувор буда, тағйирёбии қурб муътадил арзёбӣ мешавад. Гузариш ба тартиби нави муқаррарсозии қурб тадриҷан сурат гирифта, ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбати долл. ИМА, бояд қурби хариду фурӯши нақдии онро мустақилона барои муассисаҳои худ муайян намоянд. Вобаста бар ин, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд мустақилона қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро аз қурби расмӣ то ба андозаи 1,5 (якуним) фоиз муқаррар кунанд», – баён гардида буд дар маълумоти БМТ.

Зимнан таъкид шуда буд, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиётҳои ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шафофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.