Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 25 ноябр бо сафари серӯза ба шаҳри Санкт-Петербург меравад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, дар ин шаҳр ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар иҷлосияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, дар Санкт-Петербург Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони парлумонҳои як қатор кишварҳои узви ИДМ ва СААД дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.



