Саркардаи муҳоҷирони фирорӣ аз қабулгоҳро якумра аз Русия хориҷ мекунанд

Самариддин Рустамов, ташаббускори фирор аз қабулгоҳи махсус барои муҳоҷирни кории ғайриқонунӣ дар вилояти Нижний Новгороди Русияро якумра аз қаламрави Русия хориҷ мекунанд. Ин қарор дар сатҳи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия қабул шудааст. Бино ба маълумоти хабаргузории Lifenews дар ин робита, Рустамов чанд моҳ қабл низ кӯшиш кардааст, ки худсарона пеш аз ҷарроҳӣ бемористонро тарк […]

ASIA-Plus



Самариддин Рустамов, ташаббускори фирор аз қабулгоҳи махсус барои муҳоҷирни кории ғайриқонунӣ дар вилояти Нижний Новгороди Русияро якумра аз қаламрави Русия хориҷ мекунанд. Ин қарор дар сатҳи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия қабул шудааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории Lifenews дар ин робита, Рустамов чанд моҳ қабл низ кӯшиш кардааст, ки худсарона пеш аз ҷарроҳӣ бемористонро тарк намояд. Ӯро аз қабулгоҳ ба бемористон ба гумони бемории варами кӯррӯда (аппендитсит) оварда будаанд.

Ёдрас мекунем, ки

се нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ

, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар қабулгоҳи махсуси вилояти Нижний Новгород нигаҳдорӣ мешуданд, бо истифода аз як қисм (асбоб)-и кат ҷойи девори аз хишт холии ҳуҷраашонро сӯрох намуда, аз ин муассиса гурехтаанд.

Айни замон фирориён мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса муайян карда мешаванд ва дар Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Нижний Новгород санҷиши дохилӣ ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, васоити ахбори умуми Русия дар бораи шаҳрвандони кадом кишвар будани муҳоҷирони фирорӣ маълумоти гуногун иттилоъ медиҳанд. Дар баъзе хабаргузориҳо гуфта мешавад, ҳамаи фирориён шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Дар чанде аз сомонахои дигар зикр мегардад, ки онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.