Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Аз соати 7-и субҳ то анҷоми раҳпаймоии шаҳрвандон аз назди муҷассамаи Сино дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ то муҷассамаи Исмоили Сомонии пойтахт ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад. Аз соати 16-и нимаи дуюми рӯз то анҷоми чорабинӣ ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар назди маҷмааи «Наврӯзгоҳ» баста мешавад. Дар ин ҷо соати […]

ASIA-Plus



Анонс



– Аз соати 7-и субҳ то анҷоми раҳпаймоии шаҳрвандон аз назди муҷассамаи Сино дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ то муҷассамаи Исмоили Сомонии пойтахт ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад. Аз соати 16-и нимаи дуюми рӯз то анҷоми чорабинӣ ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар назди маҷмааи «Наврӯзгоҳ» баста мешавад. Дар ин ҷо соати 17-00 раҳпаймоии тантанавӣ ва консерт доир мегардад, ки дар он беш аз 8 ҳазор нафар сокинони пойтахт бо парчами Тоҷикистон дар дастонашон иштирок мекунанд.

– Дар меҳмонхонаи «Шератон» маросими рӯнамои Гузориши минтақавии иқтисодии Хазинаи байнулмилалии асъор доир мегардад. Оғоз соати 15-00.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.6749

сомонӣ;


1

евро –

7.1341

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.10


6


2

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


1986

— Ҳавопаймои ТУ-154М бори нахуст ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.


1991

– Маъракаи нахустини интихоботи умумихалқии президенти ҶТ доир гардид. Раҳмон Набиев сарвари давлат интихоб шуд.


1992

– Қонунҳо «Дар бораи нишони давлатии ҶТ» ва «Дар бораи Парчами давлатии ҶТ» қабул шуданд


2009

— Дар Тоҷикистон бори нахуст ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид.


2013

— Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатиро бо веломарафон ҷашн гирифтанд.


1939-1984

– Зодрӯзи олими адабиётшинос Назира Қаҳҳорова.


1942

– Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева.


1947

– Зодрӯзи нависанда ва журналист, сардабири ҳафтавори «Курер Таджикистана» Муҳаммадҷон Тоштемиров.


1950

– Мавлуди журналист Шаҳбозхон Саркориев.


1962

– Зодрӯзи иқтисодчӣ Комил Шарифов



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +4+9.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -4+1.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришот, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.