Таъмиру таҷдиди яке аз шоҳроҳҳои байнулмилалии вилояти Суғд бо харҷи 56 млн. $

Зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Конибодом изҳор гардид, ки дар доираи тадбири ободонии роҳҳо ва ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, соли оянда боз як  иқдоми бузурги созандагӣ ба вуқуъ хоҳад пайваст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо дастури Президенти мамлакат […]

ASIA-Plus



Зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Конибодом изҳор гардид, ки дар доираи тадбири ободонии роҳҳо ва ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, соли оянда боз як  иқдоми бузурги созандагӣ ба вуқуъ хоҳад пайваст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо дастури Президенти мамлакат ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаи калони байналмилалӣ дар вилоят амалӣ карда мешавад. Ин ҳам бошад, бо харҷи 56 миллион доллари амрикоӣ таъмири кул ва азнавсозии шоҳроҳи Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом-Исфара-сарҳади Қирғизистон аст.

Гуфта мешавад, шаҳри Конибодом, ки дар маркази ин шоҳроҳ қарор дорад, ба туфайли ин иқдом метавонад аз як тараф бо шаҳри Хуҷанд, аз тарафи дигар бо шаҳри Исфараву Ҷумҳурии Қирғизистон ва ниҳоят  аз самти дигар бо водии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути  деҳаи Патар пайваст ва шароити мусоиди рафтуомад дошта бошад.

Раиси вилоят ба мутасаддиёни соҳа дастур дод, ки давоми се моҳ  масъалаҳои ташкиливу техникӣ ва лоиҳакашии ободонии шоҳроҳро омода намуда, шурӯъ аз мавсими нав  бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ба корҳои васеъкунӣ ва мумфаршкунӣ оғоз намоянд.

Зикр мегардад, ки шоҳроҳи мазкур дараҷаи дуюми байналмилалӣ дошта, имкон медиҳад, ки на танҳо ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар, балки Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути он ба пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон роҳ пайдо кунад. Тибқи нақшаи азнавсозии шоҳроҳи мазкур, корҳои ободонии ду тарафи он аз қабили гулкорӣ, чароғонкунӣ ва таъмири биноҳои атроф низ ба анҷом расонида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.