Бозгашти Баҳром Холназаров ба мансаби сардори Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон

Баҳром Холназаров, домоди бародари президенти Тоҷикистон ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон бори дигар ба мансаби сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои хории ҷумҳурӣ хабар дод. Ин мансабро Баҳром Холназаров то соли 2007, пеш аз таъин шуданаш ба ҳайси сафир ба Қазоқистон […]

ASIA-Plus



Баҳром Холназаров, домоди бародари президенти Тоҷикистон ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон бори дигар ба мансаби сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои хории ҷумҳурӣ хабар дод.

Ин мансабро Баҳром Холназаров то соли 2007, пеш аз таъин шуданаш ба ҳайси сафир ба Қазоқистон ишғол мекард.

Аз соли 2007 ин вазифаро духтари президент Озода Эмомалӣ ишғол намуда, соли 2009 муовини вазири корҳои хориҷӣ ва соли 2013 муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶТ таъин шуд.

Баъдан Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ин вазифа таъин шуда, баъдтар ба мансаби сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии ВКХ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Сипас Манучеҳр Маҳмудзода, писари собиқ раиси Суди конститутсионӣ Маҳкамбой Маҳмудов ба ин курсӣ нишаст, ки айни замон Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Прокуратураи генералии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.

Моҳи апрели соли 2015 Ҷамшед Каримов ба ин мансаб таъин шуда, вале сипас ба вазифаи муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

То рӯзҳои ахир курсии сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон холӣ буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.