Баррасии масоили соҳибӣ ва идоракунии моликият дар семинари ФАО



Беҳбудии зиндагии  аксари мардуми  Тоҷикистон аз  дастрасии бехатар ва баробар  ба захираҳои замин,  ҷангал, моҳӣ ва  табиӣ вобастагӣ дорад.

Семинари дурӯзаи ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), ки кори худро фардо сар мекунад, барои  баланд бардоштани  маълумотнокӣ оиди Дастурамали Ихтиёрӣ оиди масъалаҳои идоракунии масъули моликият ва истифодабарӣ, ки якумин дар ҷаҳон шартномаи байналмилалӣ  оиди беҳтаргардонии шароите, ки таҳти он замин ва дигар манбаъҳо соҳибӣ ва идора карда мешаванд, ба шумор меравад.

Дар кори семинар намояндагони ташкилотҳои гунонуне, ки ба раванди масъалаҳои моликият ва истифодабарӣ дар Тоҷикистон  мутасадӣ шудаанд, ба мисли хизматчиёни давлатӣ, намояндагони бахши академӣ, хусусӣ ва ҷомеи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ  ширкат меварзанд.

“Иштирокчиёни семинар мушкилот ва имкониятҳои баланд бардоштани самараи истифодабариро дар мамлкат  муҳокима ва таҳлил намуда,  баррасии роҳҳоеро, ки ташаббусҳои мавҷуда дар онҳо судманданд, тарҳрезӣ мекунанд,” – гуфт Виорел Гуту, Намояндаи  ФАО дар Тоҷикистон.

“Дар ба ҳам пайваст намудани ташаббусҳои мавҷуда ва  ташкили шабакаи мутахассисони соҳаҳои гуногун барои  мубодилаи афкор, таҷриба ва дониш, семинари мазкур дар ташкили шабакаҳои нав  ва аллакай вуҷуддошта  ва ҳамчунин барои раванди беҳтаркунии идоракунии замин, моҳипарварӣ ва ҷангал дар Тоҷикистон  саҳми худро мегузорад,” –  гуфт Мортен Хартвигсен (Morten Hartvigsen), мутахассиси ФАО доир ба идоракунии замин.

Ширкаткунандагон табодули таҷриба ва омӯзиши ҳолати мавҷударо  баррасӣ  менамоянд  ва ҳамчунин  вазифаҳои минъбада барои  дар амал татбиқ намудани Дастурамали Ихтиёрӣ дар Тоҷикистонро муайян месозанд.

Ҷамъомади мазкур аз тарафи ФАО дар Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Ин семинар яке аз силсилаи  семинарҳое ба шумор меравад, ки  тирамоҳи ҳамин сол дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Албания, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Македония, Молдова ва Тоҷикистон баргузор гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное